Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Виктор Никитюк
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Виктор Никитюк, сафири фавқулода ва мухтори Украина дар ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттиллои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика матраҳ намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф ва фарҳанг низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки сафири кишвари дӯст дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба саҳми сазовор хоҳад гузошт.