Шумораи талоқ дар Тоҷикистон сол ба сол бештар шуда, тибқи иттилои Агентии омор дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба 1000 никоҳи басташуда, 85 талоқ рост меояд.
Ин дар ҳолест, ки тайи нӯҳ моҳи соли гузашта ба 1000 никоҳи басташуда 79 талоқ рост меомад. Дар маҷмӯъ, талоқ тайи моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 5583 рақам талоқ қайд гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 фоиз афзудааст.
Тавре ба Озодагон аз Агентии омор иттилоъ доданд, афзоиши шумораи ба қайд гирифташудаи талоқ дар минтақҳо ба таври зайл аст:навоҳии тобеъи марказ 21,8 фоиз (1119 ҳолат), вилояти Хатлон 10,3 фоиз (1177 ҳолат), дар шаҳри Душанбе 17,1 фоиз (821 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар вилояти Суғд 9,6 фоиз (2411 ҳолат) ва дар Бадахшон ҳамагӣ 45 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст.