Савдои берунаи Хитой бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай тайи 5 соли ахир ба 84 миллиард доллар баробар шудааст.
Омори расмӣ ба 7 маротиба афзудани табодули амвол ишора мекунад.Дар ин бора Чен Демин, вазири тиҷорати давлати мардумии Чин зимни як изҳороташ дар Пекин иброз доштааст. Маҷаллаи «Сhinapro» ба нақл аз забони ин вазири Хитой менависад, Чин дар ин муддат бузургтарин ҳамкори тиҷоратии Русия ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ дар феҳрасти мазкур истисно нестанд. Аз ин ба баъд ҳам Хитой сармоягузорӣ ва татбиқи тарҳҳои вижаву бузургашро дар кишварҳои номбурда идома дода, фазои мусоиди ҳамкориро дар бахшҳои гуногун ба роҳ хоҳад монд, афзудааст ҷаноби Демин.
Гуфта мешавад, Хитой қасд дорад то соли 2015 ҳаҷми муомилоти тиҷоратиашро бо Қазоқистон ба $40 миллиард расонад ва итминон дорад, ки то он вақт Русия ва Қазоқистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мепайванданд.Ба ҷуз ин, дар ояндаи наздик масъалаи тиҷорати озод миёни кишварҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳад гирифт.