Сӯхтор. Дар бинои додгоҳи шаҳри Хҷанд
Матлуба Ҳабибуллоева, раиси суди ин шаҳр дар ин бора ба хабарнигори Озодагон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, субҳи имрӯз, 20-уми ноябр, тақрибан дар соати 7-у20 дақиқа, вақте дари даромади бинои додгоҳро мекушоданд,дар утоқи яке аз судиҷрочиён дар ошёнаи якум оташсӯзиро дидаанд. Ба қавли ӯ, оташ кабинетро сӯзонида, хокистар кардааст: “Сақфу деворҳои ошёнаи аввали бино дудзада шуда, сақфҳои пластикии утоқу даҳлез низ ба коми оташ рафтаанд”.
Оташнишонҳо сакри вақт ба ҷои ҳодиса расида, алангаи оташро хомӯш кардаанд. Сабаби сӯхтор бошад, то ҳанӯз мушаххас нашудааст.