Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеч гоҳ аз ёдам намебарорам…
Президенти Тоҷикистон пас аз зӯҳри дирӯз (19-уми ноябр) ба Қасри Арбоби Хуҷанд омад.
Маврид ба тазаккур аст, ки 20 сол пеш аз ин (соли 1992) маҳз дар ҳамин кох Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон зимни он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида буд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қабл аз оғози ҷаласаи тантанавӣ бо ҳузур ва ширкати президент дар ин ҷо осорхона ифтитоҳ шуд ва дар он аввалин парчами давлати мустақили Тоҷикистон, аксҳои зиёд ва ҳатто таҷҳизоти телевизионе, ки раванди иҷлосия навор бардошта шуда буд, ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба минбар баромада бо арҷгузорӣ ва ёдоварӣ аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-ум гуфт: “Ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи баланд маҳз аз ин толор аз шаҳри бостонии Хуҷанд сабзидам ва ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорам». Дар идомаи суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба бархе аз шахсияту нафарони алоҳида афзуд, ки пас аз баргузории иҷлосия, ки ҳукумати навро таъсис дод, бозиҳои пасипардагӣ тавассути шахсиятҳои алоҳида шурӯъ гардид ва ана ҳамин ҷо баъзе сиёсатмадорони мо нақшаи тақсими Тоҷикистонро кашиданд. Ба қавли президент, сарвазири вақти кишвар (Абдумалик Абдуллоҷонов) ва баъзе аз аъзоёни ҳукумат нияти ба Душанбе рафтан надоштанд: "Маҷбур 3-4 нафар аъзои ҳукуматро тариқи чархбол бурдем."
Боиси тазаккур аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд ва дар ин иҷлосия депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон- Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, райиси вилояти вақти Кӯлоб ба симмати раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуд.