Исроил изҳороти зидду нақиз пахш мекунад
Рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр як мушаки (ракетаи) фаластинӣ ба як шаҳраки яҳудинишин дар наздикии Байтулмуқаддас партоб шуд. Ба гузориши рӯзномаи исроилӣ аз соли 1970-и мелодӣ то ба имрӯз ин нахустин бор аст, ки Байтулмуқаддас ҳадафи «ҳамла» қарор гирифтааст.
Тибқи иттилоъи расида, аз ҷанги аввали Халиҷи Форс дар соли 1991 бад ин сӯ ин нахустин бор аст, ки Тел-Авив ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.
Мақомоти пулиси Исроил изҳороти зидду нақизе перомуни исобати ин мушак баён кардаанд, аммо ҷумлагӣ мегӯянд, мушак хисороти ҷонӣ нагузоштааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин бор аст, ки шибҳанизомиёни Ғазза ин мушакҳои қудратмандро ба кор гирифтаанд.
Ба гуфтаи артиши Исроил, танҳо дар рӯзи ҷумъа 98 мушаки шилликшуда аз Ғазза ба Исроил афтида, Тел-Авив эълом дошт, ки сипари дифоъи зиддимушакии он кишвар муваффақ ба радгирӣ ва инҳидоми 99 рокит шудааст.
Ҳамзамон, рӯзи ҷумъа (16-уми ноябр) Исроил се ҷодаи аслии мунтаҳӣ ба навори Ғаззаро ба рӯйи худравҳои шахсӣ масдуд кард.