Баррасии «Равзанаи ягона»-и Тоҷикистон дар Тайланд
Иҷрои «Равзанаи ягона»-дар Тоҷикистон соли оянда ба ширкаткунандагони тиҷорати берунии Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки бо суръати хеле зиёд амалиётҳои воридоту содиротро анҷом диҳанд.
Ин нуктаро Борис Филипов, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, зимни нишасте, ки дар Банкук пойтахти Тайланд оид ба амалигардонии «Равзанаи ягона» баргузор гардид, иброз дошт.
Хабарнигори Озодагон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дорад ба мо иттилоъ дод, ки Борис Филипов ҳамчунин илова намудааст, ки вақте 3 сол пеш Иттиҳоди Аврупо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон номае барои кӯмак ва дастгирии «Равзанаи ягона» дарёфт кард, ба хотири ҷолибу муҳим будани ин лоиҳа тасмим гирифт аз он ҳимоят кунад: « Аз ин хотир комиссияи аврупоӣ барои амалигардонии ин барнома 2 миллион евро ихтисос додааст».
Борис Филипов иброз намудааст, ки агарчи «Равзанаи ягона»- и Тоҷикистонро дар оғоз намешавад ба сатҳи «Равзанаи ягона»- и Тайланду Малайзия ва Кареяи Ҷанубӣ, ки солҳост амалӣ мешаванду аз муваффақтаринҳо ҳастанд, расонид, вале лоиҳаи мо пешзаминаи хуберо барои роҳандозии ин барнома дар Тоҷикистон қарор медиҳад:
«Мешавад онро баъдан тарақӣ дод. Аз ҳама муҳимтар ин ки Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи марказист, ки дар он «Равзанаи ягона» иҷро мешавад».
Бояд зикр намуд, Борис Филипов намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон яке аз ташкилкунандагони нишасти мазкур ва менеҷери лоиҳаи «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон мебошад.
Равзанаи ягона системаест, ки раванди содироту воридотро ба танзим медарорад ва аз сиёҳ кардани беш аз ҳадди коғаз пешгирӣ мекунад.
«Равзанаи ягона» чизе фаротар аз тиҷорати электронист. Тоҷикистон низ дар ин самт наздики 1 сол мешавад, ки комиссияеро ба хотири омодагӣ дар иҷрои он дар кишвар бо раҳбарии намояндаи Иттиҳоди Аврупо ташкил карда, қасд дорад, то ин низомро соли 2013 амалӣ гардонад.