Садама боиси марги як нафар гардид. Дар шимоли Тоҷикистон
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи расида, ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» Шафқатҷон Раҳимбердиеви 28-сола ( сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен), аснои ҳаракат бо роҳи мошингарди Нов-Куркат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашина ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Мусофири автомашина Миртемур Қосимов бошад, дар беморхона бистарӣ гаштааст.