Дар ҳамини ҳол, созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигори Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ кардааст ва унвонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол доштааст. Гуфтанист, Ӯрунбой Усмонов, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагаштааст. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, ки вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст. Сафорати Бритония дар Душанбе рӯзи 15-уми июни соли равон, хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шуда буд.
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.
{jathumbnail off}