Таҳқиқи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон
Таҳқиқоти меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон чанд вақт боз аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) идома дорад.
Аз Агентии омор ба Озодагон иттилоъ доданд, ки роҳандозии таҳқиқоти мазкур дар асоси Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили механизми маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст.
Ин барнома 12 моҳ идома меёбад ва гузаронидани тадқиқоти интихобиро дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар бар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5 то 17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, созишнома оид ба иҷрои ин барнома 11 июни соли 2012 ба имзо расида буд, ки иҷроиши ин барнома дар чанд марҳила, аз ҷумла аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо (листинг), гузаронидани интихоби хонаводаҳо, мувофиқгардонии намунаи саволнома, коркарди натиҷаҳо ва тайёр намудани ҳисоботу паҳнкунии маълумотҳо ба амал бароварда мешаванд.
Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдаконро Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон омода кардааст.