18 миллионн $. Аз Тоҷикистон дар 10 моҳ ба ҳамин маблағ неруи барқ содир гардидааст
Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 маротиба зиёдтар аст.
Гуфтанист, тайи 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 3 млн доллари ИМА нерӯи барқ содирот карда буд.Дар давраи сипаришуда нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва баъзан ба миқдори начандон зиёд ба Қазоқистону Қирғизистон низ содирот гардидааст. Дар мавсими тобистон тавассути хатҳои барқи Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд.То аввали моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» ширкати «Барқи тоҷик» ба Афғонистон шабонарӯзӣ бо қимати 3,57 сент барои 1 кВт/соат то 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод.
Ҳамзамон, ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ҷумҳурӣ ба норасоии нерӯи барқ дучор гардида, дар ин робита интиқоли ҳаҷми зиёди он ба Афғонистон қатъ карда шуд: «Феълан, тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ ҳамагӣ 10-15 МВт шиддати ҷараёни нигоҳдории муҳофизатӣ мегузарад».
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳудуди 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.