Кашфу мусодираи нашъа дар Тоҷикистон рӯ ба афзудан дорад
Тайи 10 моҳи соли равон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 тоннаву 530 кило зиёд аст.
Аз ҷумлаи ин маводи мусодирашуда бештар аз 483 килоашро ҳероин ташкил медиҳад. Афюни дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ забтшуда наздик ба 598 кило буда, зиёда аз 4 тоннаву 374 килои он канабис аст.
Бино ба гузориши Маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳамин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ 94 ҷинояти марбут ба нашъа ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 750 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст.
«Зарфи ин даҳ моҳ 3 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор шуда, қурсҳо аз ҷумлаи гурӯҳи барбитуратҳо, бензодиазепин ва ампулаи диазепам мусодира карда шудаанд».
Дар ин давра ҳамчунин, вобаста ба ҷиноятҳои ошкоршуда (вобаста ба гардиши ғайриқонунии нашъа) 99 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши 70 парванда дар иртибот ба 96 нафар ба анҷом расида, ба судҳо ирсол шудаанд.