Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Нонсишай
Дар Ҷибутӣ дар ҳошияи 39-уми нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мулоқоти Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷулапонг Нонсишай, муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид.
Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин мавзӯъҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: «Аз ҷумла, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ ва Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиёӣ матраҳ гардида, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт».