Нурулло Лоиқов президенти Федератсияи ҷудо интихоб шуд
Нурулло Лоиқов барои чор соли дигар президенти Федератсия ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, зимни баргузории конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи ҷудои кишвар дар шаҳри Хуҷанд, номзадии президентии ин федератсия Нурулло Лоиқовро дастгирӣ намуда ӯро ба ҳайси роҳбари ин намуди варзиш интихоб намуданд.
Яъне, Нурулло Лоиқов чаҳор соли дигар президентии федерасия ҷудои Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Мавриди зикр аст, нахустин нишони биринҷии Бозиҳои олимпиро дар давоми 20 соли охир Расул Боқиев, дастпарвари ин намуди варзиш ба Тоҷикистон овардааст. Дар бозиҳои тобистонаи олимпии имсола бошад ду варзишгари риштаи ҷудо-Расул Боқиев ва Парвиз Собиров ширкат варзиданд.
Бино ба иттиллои манбаъ, имрӯз 17-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо оғоз мегардад. Мусобиқаи мазкур фардо 18-уми ноябр ба анҷом хоҳад расид, ки дар он беҳтарин гӯштингирони Тоҷикистон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг барои қаҳрамонӣ талош хоҳанд кард.