Масоили омодагӣ ба ҷашни истиқлолият ва тайёрӣ ба зимистони имсола дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, зимнан райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бо масъулини ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент ва роҳбарони мақомоти шаҳру навоҳӣ, намояндагони илму фарҳанги кишвар машварати корӣ доир намуд. Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва иттилоот машварати корӣ доир намуд.
Оид ба омодагӣ ба таҷлили 20-солагии истиқлолият ва корҳои ободонию созандагӣ гузориши нахуствазир Оқил Оқилов шунида шуд. Зикр гардид, ки дар доираи омадагӣ ба ин ҷашн, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз моҳи декабри соли 2008 оғоз ёфта буд, сохтмон ва ба истифода додани 1350 иншооти наву замонавӣ ба нақша гирифта шуд. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бонизом ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти нахуствазир, дар пойтахти кишвар китобхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон бо майдону гулгаштҳои зебои атрофашон, боғи нави фарҳангиву фароғатӣ дар майдони 15 гектар, меҳмонхонаи панҷситорадори «Сирена» ва чандин иншооти дигар мавриди истифода қарор мегиранд. Дар мавриди истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, вусъат додани кишти такрорӣ ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев гузориш доданд.
Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозорҳои кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба масъулини дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳо супоришҳои қатъӣ дод. Тибқи супоришҳои қаблии сарвари давлат майдони кишти картошка имсол бояд 4 ҳазор гектар ва ҷамъоварии ҳосили он 80 ҳазор тонна зиёд шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд аз ҳозир вусъат ёбанд.
{jathumbnail off}