Варзишгари маъруф ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам шуд
Ҳуҷумкунандаи тими миллии Эстония ва дастаи "Нимме Калю" Оливер Конса ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардидааст.
Сарвари дафтари матбуотии прокуратураи генералии Эстония Катрин Лунт дар сӯҳбат бо «Õhtuleht» ин хабарро тайид карда гуфтааст, дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва футболбози машҳур ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад: "Пулиси криминалӣ ба тафтишоти қазия пардохтааст ва додгоҳи Харюс дастури боздошти футболбози 27-соларо содир намудааст”.
Ҳамзамон, бо ин президенти “Нимме Калю” ба ин натиҷа расидааст, ки то замони дақиқ шудани ҳолати ба миёномада муоҳада бо Оливер Консаро боздорад.
Конса моҳи ноябри соли ҷорӣ қаҳрамони Эстония дар ҳайати тими "Нимме Калю" эълон шуд ва муоҳадаи ӯ то анҷоми мавсими бозӣ тамдид шуда буд. Акнун шӯҳрати варзишӣ ҳам аз дасташ меравад, илоҷи дигаре нест, ба ҷуз он ки дар назди қонун посухи аъмоли худро бигӯяд.
Сергей Терехов, директори варзишии “Нимме Колю” дар сӯҳбат бо расонаҳо инро як хабари мусибатбор номидааст ва гуфтааст, мо ҳама дар ҳоли шок қарор дорем ва ҳеҷ
бовар карданӣ нестем, ки Оливер қодир ба ин амал буд”.
Маврид ба таъкид аст, ки Оливер дар ҳайати тими миллии Эстония 20 бозӣ гузаронидааст. Аз замони чун бозингари моҳир эътироф шуданаш ҳудудан 80 тӯб ба дарвозаи ҳарифонаш задааст.