Рӯйхати ғизои кӯдакон дар давраи таътил таҳия гардид
Хадамоти назорати маҳсулоти Русия номгўйи хўрокворӣ ва ғизоеро, ки барои истироҳатгоҳҳои кўдакона тавсия дода намешаванд, интишор намуд.
Бино бар маълумоти маркази матбуотии ин хадамот чораи мазкур дар пайи афзоиши шикоят барои таъмини ғизои носолими кӯдакон андешида шудааст. Тибқи маълумоти сарчашма сабаби сироятёбии гурўҳӣ бештар ба талаботи технология ҷавобгӯ набудани маҳсулот будааст.
Ҳаамакнун ҷиҳати эмин нигоҳ доштани кўдакону наврасон аз беморӣ масъулин тавсия медиҳанд, то аз ин ба баъд бақияи маҳсулот дубора барои таҳияи ғизо истифода бурда нашавад.
Хадамоти назорати маҳсулоти Русия тавсия додааст, то дигар маҳсулоти шири пастеризатсия нашуда, нахӯди сабз бидуни коркард, моҳии дар ҳарорат коркард нашуда, нўшокиҳои худсохт, маҳсулоти гўштӣ, шарбат ва хўришҳои хонагӣ ва дигар изофаҳои барои ғизо пешбинӣ шуда, истифода бурда нашавад.
Тибқи муқарароти мазкур макарон бо қимаи гўшт, макарон бо тухм, шириниҳои равғандор ва баъзе намуди ғизои ширӣ набояд таҳия карда шавад.
Ҳамзамон, ба рўйхати хўроки кўдакони наврасон ошпазҳо набояд ҳардал, қаламфур, сирко, қањваи табиӣ, шарбат ва майонез шомил карда шавад.
Санад «Дар мавриди талабот барои таъмини ғизои кўдакон дар истироҳатгоҳҳои тобистона» аз ҷониби раҳбари Хадамоти назорати маҳсулоти Русия-Генадий Онишенко ба тасвиб расидааст.
{jathumbnail off}