ХБА: Эҳтимол дорад дар Тоҷикистон буҳрони қарзӣ ба вуҷуд биёяд
Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, дурнамои миёнамуҳлати хароҷоти воситаҳо ва ҷалби сармоягузориро тарҳрезӣ намояд.
Ҷонатан Данн, райиси ҳайати ин ниҳоди бузурги молиявӣ дар поёни сафари намояндаҳои ХБА аз Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар «вазъи начандон хуб» қарор дошта, «эҳтимоли рӯйи кор омадани буҳрони қарзӣ мавҷуд аст».
«Зимни арзёбии вазъи буҳронӣ оид ба қарзи берунӣ, нишондиҳандаҳои зиёде ба инобат гирифта шуда, агар ба нишондиҳандае чун хароҷот ба пардохти қарз аз ҳисоби содирот назар андозем, дар Тоҷикистон он хеле баланд аст ва маҳз ҳамин ҳолат хатари гирифторӣ ба буҳрони қарзиро ба вуҷуд меоварад», - иброз дошт вай.
Дар робита Ари Айзен, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон гуфт, ин маънои онро надорад, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба буҳрони қарзӣ гирифтор мешавад, вале ҷараёни афзоиши уҳдадориҳои қарзиро бо гузашти вақт, бахусус дар партави амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон мебояд пайгирӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷонатан Данн зикр кард, ки мавҷудияти омили ҳаҷми бузурги интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон дар нишондиҳандаи пардохти қарзҳо аз ҳисоби содирот ба назар гирифта намешавад: «Яъне интиқоли маблағҳои пулиро низ метавон ҳамчун содироти захираҳои меҳнатӣ арзёбӣ кард. Бо назардошти ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, вазъи Тоҷикистон бештар боэътимодтар буда, вале дар таҳлили мо оид ба вазъи қарзи кишвар ин омил ба инобат гирифта намешавад».
Намояндаҳони ХБА таъкид доштанд, ки дар сурати идомаи андешидани тадбирҳои сиёсати макроиқтисодӣ ва чорабиниҳо оид ба идоракунии қарз, ҷараёни пардохти қарзи берунӣ метавонад рӯ ба беҳбудӣ орад. Ба андешаи коршиносони Хазина, айни замон дар Тоҷикистон хатари буҳрони қарзӣ вуҷуд дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ба аввали моҳи октябри соли равон ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон 2 миллиарду 130,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 29,3%-ро ташкил медиҳад.
Моҳҳои январ-сентябри соли равон маблағи умумии ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба 969 миллион доллар баробар шуд. Соли 2011 маблағи умумии содироти маҳсулоти Тоҷикистон ҳудуди 1,3 миллиард долларро ташкил дода буд.