Шӣ Ҷин Пинг роҳбари ҷадиди Чин
Котиби генералии тозаинтихоби ҲК-и давлати мардумии Хитой, ҳамроҳ бо аъзои доимии бюрои сиёсиии ин ҳизб дар ҳузури хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Тибқи иттилои расида, Шӣ Ҷин Пинг барои даҳ сол интихоб шуда, пас аз гузашти ин мӯҳлат Кунгураи Миллии Хитой боз як бори дигар сурат мегирад. Бар асоси эъломи хабаргузории расмии Чин аъзои Кумитаи Марказии ҷадиди ҳизби куммунист, ки чаҳоршанбе интихоб шуданд, дабири кулли ҷадиди ҳизб ва ҳафт узви кумитаи доимии дафтари сиёсиро интихоб кардаанд.
Шӣ Ҷин Пинг ба унвони дабири кулли ҳизби куммунист ҷойгузини Ҳу Тзин Тао мешавад, ки аз раҳбарии ин ҳизби куммунист бознишаста шуда ва давраи раёсати ҷумҳуриаш соли оянда ба поён мерасад.
Шӣ Ҷин Пинг, ки 59 сола мебошад, қабл аз ин муовини раиси ҳукумати Хитой буд.