Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо ректори Донишгоҳи техникии Шарқи Миёна (ODTU)-и шаҳри Анкара профессор Аҳмет Аҷар мулоқот намуд.
Тавре Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи мазкур, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, беҳтар намудани шароити зисти донишҷӯёни тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва донишгоҳи номбурдаро баррасӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Шарқи Миёна соли 1956 дар шаҳри Анкара таъсис ёфтааст. Донишгоҳи мазкур дорои 5 факултет, 40 навъи барномаҳои таҳсилӣ барои донишҷӯён, 100 барнома барои аспирантҳо, 66 барнома барои докторӣ ва 5 донишкада мебошад.
Дар Донишгоҳи зикргардида, 750 профессору дотсент, 400 омӯзгор, 1400 аспирант ва зиёда аз 24 ҳазор донишҷӯ, ки 1700 нафари онро донишҷӯёни хориҷӣ аз 85 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад, фаъолият ва таҳсил менамоянд. Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳи мазкур 41 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.