Марги ду нафар бар асари беэҳтиётӣ аз барқ
Беэҳтиёти бойиси марги ду нафар гардид.
Тибқи иттилои ВКД, субҳи дирӯз коргари заводи «Экскватор»-и шаҳри Душанбе Содиқ Қодирови 28-сола аснои фаъолияти меҳнатӣ ба симчӯби барқӣ бархӯрдааст ва пас аз интиқол ёфтанаш ба касалхона ба ҳалокат расидааст. Номбурда сокини деҳаи «Варзоб- ГЭС»-и ноҳияи Варзоб мебошад.
Ҳамчунин, ба ин ҳодиса монанд дар ноҳияи Дарвоз ноболиғ Комрони Маҳмадамир 13- сола ба болои симчӯби барқӣ баромада, ҳангоми кандани ноқилҳои барқӣ аз шиддати баланди ҷараёни барқ аз баландии 4- метр ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилллои сарчашма, мавсуф сокини рустои Чухкаки ҷамоати Сағирдашт буда, дар синфи 6-уми мактаби рақами 38 таҳсил мекардааст.
{jathumbnail off}