Писта дар Хуҷанд 60 сомонӣ. Дар Ҳамадонӣ 25
Нархи як кило писта дар бозори «Панҷшанбе», шаҳри Хуҷанд нисбат ба бозори марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 32 дарсад қимат ба фурӯш гузошта шудааст.
Феълан, ба ҳисоби миёна нархи як кило писта дар ин бозор ба 60 сомонӣ баробар аст. Тавре ба Озодагон аз ташкилоти «АгроИнформ»-и Тоҷикистон хабар доданд, ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе 45 сомонро ташкил медиҳад: «Аз ҳама нархи гарони писта пас аз бозори «Панҷшанбе», шаҳри Хуҷанд дар бозори марказии шаҳри Истаравшан мушоҳида карда шуд, ки дар он ҷо як кило писта ба нархи 55 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст».
Дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб нархи писта 40 сомонӣ ва бозори марказии ноҳияи Рашт бошад, 36 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа нархи он ба 35 сомонӣ баробар мебошад.
Масъулини «АгроИнформ» иброз медоранд, ки аз ҳама нархи арзони писта дар бозори «Марказӣ»-и Ҳамадонӣ, ҳамсарҳад бо Афғонистон мушоҳида гардид, ки як килои он маблағи 25 сомонӣ савдо мешавад.