«CASH-IN» дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард
Бори нахуст дар Тоҷикистон бонки “Тоҷиксодиротбонк” банкоматҳоро бо функсияи ворид намудани воситаҳои пулӣ ба ҳисоб (CASH-IN) роҳандозӣ намуд.
Дар ин бора ба Озодагон Марҳабо Муродова, аз Хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ дод. Бино ба иттилои манбаъ, акнун ҳамаи дорандагони кортҳои пардохтии “Тоҷиксодиротбонк” бо истифода аз ин навъи банкоматҳо метавонанд ба бонк наомада, воситаҳои пулии худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар фурсати муносиб дар реҷаи 24/7 ба ҳисобҳо ворид намоянд. Муҳимтарин бартарии банкоматҳои CASH-IN имконияти гузаронидани воситаҳои пулӣ ба корт дар реҷаи замони воқеӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир ду «CASH-IN» - банкомат ба мизоҷон хизмат мерасонад, ки яке дар саридораи бонк бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47 ва дуввумӣ дар меҳмонхонаи
“Тоҷикистон” бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур 22 насб карда шудаанд.
Бонк тасмим гирифтааст, ки теъдоди чунин банкоматҳоро то охири соли равон ба 10 адад расонад.