7217 ТТ чаро ба Убайдуллоев итоат намекунад?
Ронандаи мусофиркаши №13, рақами давлатияш 72-17 ТТ 01 аз ҳар мусофир талаб мекард, ки барои роҳкиро ду сомонӣ пардохт намояд.
Ин мусофиркаш овезаи «Экспресс»-ро, ки тибқи қарори райиси шаҳри Душанбе ҳаққи ҳаракат аз нуқтаи аввал то истгоҳи охирро бо гирифтани 1 сомониву 60 дирами мусофир дорад, надошт, аммо ронанда исрор мекард, то мусофирон барояш ду сомонӣ бидиҳанд. Ӯ ҳатто баъзе мусофиронро, ки дар мавриди қарори шаҳрдор мегуфтанд, гӯш кардан намехосту «ба касе маъқул нест, фурояд» мегуфт. Гузашта аз ин ронанда дар «Стараекс», ки барои 8 нафар мусофир пешбинӣ шудааст, 10 нафар нишонда буд.
Таври маълум субҳ ва шом вақте одамон барои тадрису кор мераванд ва ё бармегарданд, мушкили пайдо кардани нақлиёт оғоз мешавад. Аз ин фурсат истифода намуда, ронандаи мусофиркашҳо маблағи хости дилашонро мегиранд.