Ал-Азҳар Иттиҳодияи ҷаҳонии суфиёнро роҳандозӣ мекунад
Бо вуҷуди мухолифатҳои тариқатҳои суфии Миср Ал-Азҳар барои эҷоди ислоҳот дар ин тариқатҳо Иттиҳодияи ҷаҳонии суфиёнро ташкил мекунад.
Хабаргузории "Форс" дар ин бора хабар медиҳад ва менависад: Ал-Азҳар ҳадафи ин иқдомро рушди ҷунбиши тасаввуфи муосир унвон кардааст. Дар ҳамин ҳол ин иқдом бо мухолифатҳои ҷараёнҳои суфӣ дар Миср воқеъ шуда ва онро талоши Ал -Азҳар барои тасаллут бар тариқатҳои суфй дар ин кишвар донистаанд.
Ҳасан ал-Шофеъӣ раиси ин Иттиҳодия гуфтааст, иттиҳодияи мазкур ба дунболи тарбияти муридҳои суфӣ нест, балки як маркази ҷаҳонӣ ва илмӣ барои ислоҳи ҷунбиши ҷаҳонии тасаввуфи муосир дар арсаҳои мухталиф аст,чунки тасаввуф дар пешрафти уммати исломӣ нақши муҳиме дорад.