Кӯлоб: боздошти як нафар бо ҷурми куштор
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ пас аз 3 моҳи амалиёт аз бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии «Сайёд»-и ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон аз дохили оғилхона ҷасади зани шахсияташ номаълумро, ки синаш тахминан 30-35-сола аст, дарёфт карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ҷасади мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ (зарбаи олоти тези буранда дар рӯй ва тарафи чапи сар) пайдо карда шуд.
Манбаъ афзӯд, дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ Аловуддин Куганови 27 сола, сокини деҳаи Сари-мазори ноҳияи Балҷувон ҳамчун гумонбар дар ин куштор дастгир карда шуд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Аловуддин Куганов рӯзи 18-уми августи соли равон аз хусумати пешакӣ модарандараш Зумратбӣ Шариповаи 34 соларо ба воситаи каланд ба косахонаи сар ва рӯяш мезанад, ки дар натиҷа Зумратбӣ Шарипова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ба гуфтаи сарчашмаи хабар Зумратбӣ Шарипова аз рӯзи 27-уми август аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун бедарак, гумшуда ба қайд гирифта шуда буд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.