Сониҳаи нақлиётӣ мунҷар ба марги се нафар гардид
Садамаи нақлиётие, ки 3 кушта ба ҷой гузошт нимаи дуюми рӯзи гузашта, 13-уми ноябр тахминан соати 16:10 ба вуқӯъ пайвастааст.
Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес бенс» Олимҷон Баёзов аснои ҳаракат аз самти Ҳисор ба шаҳри Душанбе дар ҳудуди рустои Зафарии ҷамоати деҳоти Чорякарон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи «ДЕУ Сиэло», таҳти идораи ронанда Хайём Мусоев, ки аз самти муқобил ҳаракат дошт, бар хурда баъдан ба автамашини тамғаи «Опел астра», ки таҳти идораи Завқибек ҳаракат мекард бар хурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ДЕУ Сиэло» Хайём Мусов ва мусофирони автомашинаи мазкур Оймаҳамад Баротови 47 сола ва Шариф Азизови 25 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Амрулло Файзуллоеви 49 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар беморхона бистарӣ шудааст.