Варзишгари маъруф ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам шудааст
Оливер Конса, ҳуҷумкунандаи тими миллии «Нимме Калю»-и Эстония ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудааст.
Катрин Лунт, сарвари дафтари матбуотии прокуратураи генералии Эстония дар сӯҳбат ба хабаргузории Õhtuleht ин хабарро тайид намуда, гуфтааст, ки аллакай дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва футболбози машҳур ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Гуфта мешавад, пулиси криминалӣ ба тафтишоти ин қазия пардохтааст ва додгоҳи Харюс дастури боздошти футболбози 27-соларо содир намудааст.
Президенти тими «Нимме Калю» ба ин натиҷа расидааст, ки то замони дақиқ шудани ҳолати ба миёномада муоҳада бо Оливер Консаро боздорад.
Конса моҳи ноябри соли ҷорӣ қаҳрамони Эстония дар ҳайати тими «Нимме Калю» эълон шуд ва муоҳадаи ӯ то анҷоми мавсими бозӣ тамдид шуда буд.
Манбаъ мегӯяд, акнун шӯҳрати варзишӣ ҳам аз дасташ меравад ва илоҷи дигаре нест, ба ҷуз аз он ки дар назди қонун посухи аъмоли худро бигӯяд.
Сергей Терехов, директори варзишии «Нимме Колю» дар сӯҳбат бо расонаҳо ин масъаларо як хабари мусибатбор номидааст ва гуфтааст, мо ҳама дар ҳоли шок қарор дорем ва ҳеҷ бовар карданӣ нестем, ки Оливер қодир ба ин амал буд.
Мавриди зикр аст, Оливер дар ҳайати тими миллии Эстония 20 бозӣ гузаронидааст. Аз замони чун бозингари моҳир эътироф шуданаш ҳудуди 80 тӯп ба дарвозаи ҳарифонаш задааст.