Хадамоти муҳоҷират: Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем
«Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он», таҳти чунин унвон давоми беш аз 1 моҳ корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ бо хонандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе силсиланишатҳо баргузор гардид.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ин гуна мулоқотҳо миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии №7, 10, 93, 82, 49, 51, 41, 28, 55, 35, 44, 52 ва 60-и пойтахт доир шуд, ки дар маҷмӯъ 2309 нафар хонандаро фаро гирифт.
Масъулини хадамоти мазкур ҳадаф аз баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳоро бо мактаббачагон- касбомӯзӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва касбҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қобили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ, инчунин донистани масъалаҳои ҳуқуқии давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар унвон намуданд: «Дар ҷараёни вохӯрӣ кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, урфу одати давлати қабулкунанда, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии он дар Федератсияи Россия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск дар мавзӯи «Пеш аз сафар бидон» ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд».
Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, тибқи нақшаи хадамот дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати маорифи кишвар ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани вохӯриҳо дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни мактаббачагон баргузор намояд.