СҶТ ба Тоҷикистон 19 миллион $ ҷудо кардааст. Дар 8 сол
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Жужанна Якоб, директори дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии президент, дар нишаст аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кӯмаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир зиёда аз 19 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ба кӯмакҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, эмкунии фарогири аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти ҳифзи модар ва кӯдак, амалиётҳои фаврии хадамоти тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва ғайра баҳои баланд дода шуд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷорӣ намудани қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва навсозии заминаи технологии соҳаи тандурустиро зарур шумурдаанд.
Ҳамчунин, дар рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла, дар самти татбиқи амалии ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва стратегияи нави миллии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2020 ҳавасмандии худро таъкид намуданд.