Фёдор Емеляненко варзишагарони тоҷикро ба Русия даъват кард
Чор варзишгари тоҷик барои ширкат дар нахустин мусобиқоти Аврупо оид ба риштаи муҳорибаи ҳарбӣ (самбои размӣ) ба Русия рафтанд.
Варзишгарони тоҷик бо даъвати Фёдор Емеляненко, раиси Федератсияи самбои ҷангии Русия дар ин ин мусобиқот ширкат мекунанд. Тибқи иттилои як масъули Федератсияи самбои ҳарбии Тоҷикистон ин варзишгарон, ки муррабӣ онҳоро ҳамроҳӣ дорад, рӯзи душанбеи 12 ноябр ба шаҳри Санкт-Петербург, макони баргузории мусобиқот парвоз карданд.
Хуршед Темурӣ, муовини раиси ин федератсия мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот дар вазнҳои аз 65 то ба 93 килограм рақобат хоҳанд кард. Мусобиқаи байналмилалии самбои размӣ дар рӯзҳои 14 ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Ледовий дворетс”-и (Қасри Ях) шаҳри Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд.