Сагҳои АНМН ҳудуди 2 тонна нашъаро кашф кардаанд
Дар Маркази таълимии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар 12 саг, ки барои пайдо намудани маводи мухаддир сару кор доранд, нигоҳубин мешаванд.
Руслан Қодирқулов, сардори Маркази таълимии кинологӣ дар сӯҳбат ба Озодагон афзуд, ки қаблан як сагро ба маблағи 1000 евро харидорӣ намуда, барои таълим ба Алмаато ва Тошканд фиристода мешуданд, ки онҳо муддати 3-4 моҳ омӯзишу нигоҳубин карда мешуданд. Барои ҳар як саг дар ин кишварҳо то 6-7 ҳазор евро сарф карда мешуд:
“Мо тасмим дорем, ки то охири моҳи ноябр боз 2 саги хурди дигар харидорӣ намоем ва онҳоро худамон таълим бидиҳем ”.
Айни замон, маркази мазкур 7 корманд дорад, ки барои такмили ихтисос ба Русия, Алмаато ва Тошканд сафар намудаанд. Тайи 10 соли фаъолият, сагҳои Агентӣ 1 тоннаю 974 килограмму 996 грамм маводи муҳаддирро кашф намуданд, ки аз инҳо 576 килограмму 428 граммаш ҳероин, 794 килограмму 0,98 грамм афюн ва 604 килограмму 442 грамм канабис мебошад. Бояд гуфт, дар Тоҷикистон 1 июни соли 2012 Маркази таълимии кинологӣ ба истифода дода шуд.
Маркази омӯзишии кинологӣ барои тайёр намудани кинологҳо, омӯзиш ва омодасозии сагҳои хидматӣ барои кашфи маводи мухаддир ба самаранокии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҳам дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои идораҳои ҳамсони ҶИА ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар оянда мусоидат хоҳад кард.