Як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон дар Маскав нопадид шуд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо изҳори нигаронӣ аз ғайб задани шаҳрванди Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Сафарови 19-сола, зода ва бошандаи ноҳияи Нурободи ҷумҳурӣ хабар дод.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, дар ин бора яке аз пайвандони Ҷонмаҳмад-Маҳмадюсуф Давлатов муроҷиат намудааст.
Ба қавли манбаъ,Ҷонмаҳмад Сафаров қаблан дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули тиҷорат буда, дар мавзеи Копотняи шаҳри Москва ба сар мебурд. Ӯ аз 25-уми августи соли равон, тақрибан соати 14.20 аз ҷойи кор баромада, дигар барнагаштааст ва то ҳол ӯро касе надидааст.
Феълан, Сафорати Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ёдшуда ниҳодҳои дахлдори кишвари иқоматро дар ҷараён гузошта, мавзӯъро мавриди пайгирӣ қарор додааст.