Суғд: Сармоягузорӣ асоси рушди истеҳсолот аст
Дар Кохи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин нишаст меҳмон аз вилоятҳои Хатлон, вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ҳузур доштанд.Ҷаласаро раиси Шӯро-раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳамияти Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ сухан ронд. Расулзода гуфт: «Боиси зикр аст, ки соҳибкории хурду миёна дар вилоят торафт рӯ ба рушд ниҳода, тайи як муддати кӯтоҳ 65 коргоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Имсол бошад, соҳибкорони вилоят қариб сад корхонаҳои хурду миёнаро ба кор дароварданд».
Ҳамзамон, дар бораи баъзе аз монеаҳои сунъӣ, ки ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва созмон додани коргоҳҳои нав ва ворид кардани таҷҳизоти технологӣ ба миён меоянд, сардори раёсати сӯхторхомӯшкунии вилоят, полковник Нозим Мамадов, раиси иттифоқи Ассотсиатсияҳои тиҷоратии вилоят Маъсуда Тӯраева, раиси Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Рауф Шораҳматов, роҳбари Ассотсиатсияи фармасевтони вилоят Шаҳло Ӯрунова, муовини раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Аюбҷон Бобоев, соҳибкор Зафар Охунов ва дигарон мулоҳизаронӣ карданд.