«Панҷшер», «Ҳулбук» ва «Саройкамар» ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд
Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қаҳрамони мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуд.
Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба Озодагон иттилоъ дод, бо вуҷуди он ки дастаи «Панҷшер» дар бозии даври охирин аз тими «Саройкамар» -и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аммо бо касби 59 имтиёз қаҳрамони мусобиқа дониста шуд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои «Саройкамар» ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ 55 холӣ ба даст оварданд. Бо назардошти натиҷаи бозиҳо миёни ҳар ду даста «Саройкамар» мақоми дуюмро касб намуда, «Ҳулбук» дар зинаи сеюм ҷой гирифт.
Тибқи дастури мусобиқа ин се дастаи пешсаф: «Панҷшер», «Саройкамар» ва «Ҳулбук» ҳуқуқ доранд, ки соли оянда дар мусобиқаи Лигаи олӣ бозӣ кунанд», афзуд манбаъ.