Бозори Душанбе нархи лимӯро 4 маротиба гарон кард
Нархи лимӯ дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт нисбат ба бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 4 маротиба қимат шудааст.
Феълан, ба ҳисоби миёна нархи як дона лимӯ дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе 13 сомонӣ аст. Тавре ба Озодагон аз АгроИнформи Тоҷикистон хабар доданд, ин нишондод дар бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилояти Суғд 3 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, аз ҳама нархи гарони лиму пас аз бозорҳои Душанбе дар бозори марказии шаҳри Исфара мушоҳида шуд. Он ҷо як дона лимӯ ба нархи 7 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар бозори «Марказӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва бозори марказии ноҳияи Рашт як лиму 3 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бошан, он ба 4 сомонӣ мерасад. «Аз ҳама нархи арзони лимӯ дар бозори «Дӯстӣ»-и Қумсангир, ҳамсарҳад бо Афғонистон мушоҳида гардид, ки як дона лиму ба маблағи 2 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст».