Вохӯрии дипломати тоҷик бо ҳамтои юнонӣ
Сӯҳроб Раҷабов, мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо Георгиос Алексопулос, корманди масъули Сафорати Ҷумҳурии Юнон дар Федератсияи Русия мулоқот кард.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, ки ин вохӯрӣ бо хоҳиши Георгиос Алексопулос баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, аснои мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Юнон ва масоили минтақаву ҷаҳон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.