Мусодираи беш аз 11 килограмм бангдона дар Тавилдара
Дар пайи амалиёти вижаи кормандони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Тавилдара миқдори зиёди маводи нашаъовар мусодира гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ҷараёни гузаронидани амалиёти фаврӣ Тоҷиддин Ҷамиеви 32 сола, сокини ноҳияи Тавилдара ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Манбаъ илова намуд, ки ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда 3 борхалта, ки дар дохилашон 11-килою 390-грамм маводи нашъадорӣ бангдона буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.