Иштироки беш аз 50 ширкати эронӣ дар намоишгоҳи Душанбе
Дар назар аст аз 10-ум то 13-уми ноябри соли равон дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Эрон доир гардад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад дар намоишгоҳи мазкур беш аз 50 ширкати эронӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро барои муштариён ба намоиш мегузоранд.
Иштироки беш аз 50 ширкати эронӣ дар намоишгоҳи Душанбе