Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» баррасӣ шуд
Имрӯз, 9-уми ноябр таҳти раёсати Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Кумита оид ба иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон сурат пазируфт.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН ба Озодагон гуфт, дар ҷаласа лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» мавриди муҳокима қарор гирифт. Амиршо Миралиев зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, ҳафтаи гузашта барои баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, ки он тайи як ҳафта аз тарафи вакилон ва масъулини Дастгоҳи МН мавриди омӯзиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд.
Муовини аввали раиси МН дар идомаи суханронии худ таъкид дошт, ки фарқияти қонуни буҷет барои соли оянда аз солҳои пешин дар он зоҳир мегардад, ки он дар заминаи Буҷети давлатии миёнамӯҳлати Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 таҳия гардида, ислоҳоти куллии соҳаи андозбандии кишварамонро, ки бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ба миён омада буд, ба пуррагӣ ифода карда метавонад. «Чунончи, самтҳои асосии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2013 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ ва ғайриандозиро ба танзим меда-роранд, муайян карда шуда, дар он низоми андозбандӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини шаффофияти андозбандӣ, оммафаҳм ва содда намудани тар¬тиби пардохти андозҳо, баҳисоб¬гирии пурраи манбаъҳои андозбандӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои рўйпушкунии андозҳо ва дар ин замина устувор намудани даромади буҷет равона гардидааст»,-афзуд манбаъ.
Бино ба гуфтаи Амиршо Миралиев, новобаста аз эҳтимолияти кам гардидани воридот ба буҷет афзоиши қисми даромади Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2015 бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи баъзе намудҳои андоз, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойњои кори нав асоснок карда шудааст. Дар лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикстон барои соли 2013 ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарњои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилоҳои буҷетӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» дар асоси қонун «Дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон, Кодекси андоз дар тањрири нав ва Кодекси гумрук таҳия гардида, аз 27 модда иборат мебошад.