Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, давоми 4 моҳи соли равон дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши сӯзишворӣ мушоҳида мешавад.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки айни замон арзиши расмии як литр сӯзишвории навъи АИ-92 - дар дуконҳои сӯзишвории шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 6 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи августи соли равон 20 дирам гарон мебошад.
Манбаъ мегӯяд, сӯзишвории навъи АИ-95 ҳам дар ин давра дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боло рафта, ҳоло бо нархи 6 сомонию 70 дирам дар фурӯш мебошад.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, чунин болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон як литр сӯзишвории навъи АИ-92 6 сомонию 30 дирам ва сӯзишвории навъи АИ-95 бошад 6 сомонию 50 дирам нарх дошт.
Бояд зикр намуд, моҳи гузашта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд, ки дар сурати амалӣ шудани он гуфта мешуд нархи сӯзишворӣ арзон хоҳад шуд. Аммо ҳоло ҳам ин санади имзошуда амалӣ нагардидааст.