Бар асари як задухӯрд дар марз ду сарҳадшикан ба ҳалокат расида, маводи мухаддири онҳо мусодира гардид.
Бино ба хабари сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии кумитаи амнияти миллӣ чанде қабл марзбонони тоҷик дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ду нафар нашъаҷаллоби афғонро, ки аз гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша буданд нобуд карданд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар минтақаи сарҳадии «Оқ- Мазор» ба вуқӯъ пайваста буд. Сарҳадбонон ҳангоми назорати доимии марзи давлатии минтақаи мазкур, як гурӯҳи иборат аз 10- 12 нафарро бо як қаиқи резинӣ ба мушоҳида гирифтанд. Пас аз чанд вақт миёни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқчиён тирпарронӣ сурат гирифта, теъдоде аз ин ашхоси мусаллаҳ ба қаламрави Афғонистон поноҳ бурданд. Дар ҷойи ҳодиса сарҳадбонон ду ҷасад, як қаиқи резинӣ, мусалсали (автомати) тамғаи Калашников, як таппончаи Макаров, як халта дар дохилаш 1 килограмм ҳероин ва 7, 5 килограмм афюн ёфт намуданд.
{jathumbnail off}