Бино ба қавли манбаъ, намоишгоҳ бо суханони ифтитоҳии намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар шурӯъ мешавад. Ҳамчунин, рӯзҳои 14 – 16 ноябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳо дар мавзӯҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил сурат хоҳанд гирифт. Барои шинос шудан бо барномаи пурраи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ лутфан ба ин саҳифа муроҷиат кунед:https://dushanbe.usembassy.gov/program_announcements.html
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ имкониятест, барои дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА ҷузъе аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф, барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.