Нигаронии Девонаев аз муҳоҷирати меҳнатии ноболиғон
Дар ноҳияи Варзоб мулоқоти Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва директорони макотиби ин ноҳия баргузор гардид.
Аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.
Гуфта мешавад мақсад аз ташкил ва дидору мулоқотҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки Сафиалло Девонаев зимни баромадаш дар ин мулоқот доир ба самтҳои асосии фаъолияти хадамот сухан намуда, диққати ҳозиринро ба касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа ҷалб намуд.
Бино ба иттилои масъулини Хадамоти муҳоҷират дар 6 моҳаи аввали соли равон 29 ҳазор ноболиғ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини ин инҳод соли гузашта ин рақам 50 ҳазорро ташкил медод.
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират низ дар баробари бархе аз коршиносон аз интиқоли муҳоҷирони ноболиғ ба Федератсияи Русия изҳори нигаронӣ намуда, зимни як нишаст иброз дошт, ки аксари шаҳрвандони кишвар фарзандонашонро дар айёми мактабхонӣ ба муҳоҷират мефиристанд ва дар натиҷа ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ мегарданд: «Ҳастанд нафароне, ки фарзандони мактабхони худро ба муҳоҷират мефиристанд. Онҳо фарзандони худро ба Русия мефиристанд, аммо фикр намекунанд, ки он соҳиби ягон касб ҳаст ё не, ягон забонро медонад ё не…".
Манбаъ мегӯяд, дар фарҷоми мулоқот саволу ҷавоб доир ба самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндагиҳои он дар Федератсияи Русия, забономӯзӣ, касбомӯзӣ, масъалаи сафари ноболиғон ба Русия ва нигарониҳое, ки дар ин самт вуҷуд дорад, инчунин оид ба муҳокимаи умумӣ гузоштани қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва таъсиси шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб ва пурзур намудани самтҳои ҳамкориҳо бо раисони ҷамоат ва мактабҳо сурат гирифт.