Говдуздӣ дар навоҳии Бохтару Хуросони вилояти Хатлон
Говдуздӣ дар бархе аз минтақаи вилояти Хатлон ба ҳукми анъана даромадааст. Бино ба иттилои ВКД, дар робита ба ин дар навоҳии Хуросон ва Бохтар ин ҳодиса ба қайд гирифта шуд.
Зимнан, кормандони милиса дар пайи шикояти шаҳрванд, Иброҳим Бегматов сокини деҳаи Бӯрёбофони ҷамоати Қизил-қалъа амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ доир карданд.Ба қавли ҷабрдида, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ӯ шуда, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми амалиёт шаҳрванд Сарахон Бегматови 49 -сола сокини ҳамин ҷо, бекор, дастгир карда шуд.
Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи Бохтар низ гови Сафархон Бояков, ки 3500 сомонӣ арзиш доштааст, аз сӯи дуздон рабуда шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба ин қазия Акобир Талбакови 18- сола, сокини ҷамоати Бӯстонқалъа, кӯчаи Матросов, хонаи 14 ва Раҷабалӣ Нарзуллоев, сокини рустои Навободи ҷамоати Бӯстонқалъаро боздошт кардаанд.
{jathumbnail off}