Боздошти як сокини ноҳияи Истаравшан бо ҷурми ишғоли худсаронаи замин
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Истаравшан Маҳмад Зокирови 55 сола, сокини деҳаи Қалъачаи бакавули ноҳия мазкур бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда шуд.
Тавре ба Озодагон Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуотии ВКД хабар дод, Маҳмад Зокиров бе ягон ҳуҷҷати расмӣ, худсарона 40 метри мураббаъ замини захиравии ҷамоати деҳоти Правдаро ишғол намуда, зербинои хонаи истиқоматиро омода кардааст.
Феълан ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.