Дар Тоҷикистон беш аз 545 ҳазор нафар нафақахӯрон ба сар мебаранд.
Тибқи иттилои агентии омори кишвар,шурӯъ аз моҳи январи соли равон то моҳи май маблағи пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон 325 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил додааст. Гузашта аз ин, ҳаҷми маблағҳои ҷудонамудаи агентии давлатии суғурта ва нафақаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар давраи ҳисоботӣ, бо назардошти маблағҳои боқимондаи аввали сол, зиёда аз 313 миллион сомониро ташкил намуд.
{jathumbnail off}