Мусодираи беш аз 270 килло маводи нашъаовар дар Суғд
Давоми 10 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд беш аз 270 килло маводи нашъаовар ошкор ва мусодира гардид.
Аз раёсати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ин миқдор маводи мусодирашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 килло кам мебошад: « Дар 10 моҳи соли 2011 зиёда аз 323 килло маводи мухаддир мусодира гардида буд».
Гуфта мешавад беш аз 270 килло маводи нашъаовари ошкоршуда 29 киллоаш героин, 237 киллоаш бангдона ва 9 килло афъюнро ташкил медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, нисбати ин гуна ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 163 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.