С. Эллиот: Баъди дубора интихоб шудани Обама сиёсати берунии Амрико дар Тоҷикистон иваз нахоҳад шуд
Барак Обама, президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо пирӯзӣ дар баробари Мит Ромнӣ, рақиби ҷумҳурихоҳи худ чор соли дигар дар мақоми худ боқӣ хоҳад монд.
Ба ҳамин хотир имрӯз дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency»-и шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандони амрикоии муқими Тоҷикистон аз рафти интихобот назарат карданд.
Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин нишаст зимни мулоқоташ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки пас аз дубора интихоб шудани Обама, сиёсати берунии Амрико дар Тоҷикистон иваз нахоҳад шуд.
Сюзан Эллиот умедвор аст, ки ҳамакнун бо пирӯзии Обама дар интихоботи президентии ин кишвар сиёсати Амрико ҳамчунин дар Авғонистон таъғйир наёфта ба раванди хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Кобул монеъае пеш нахоҳад омад.
Хонум Сюзан Эллиот дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон оид ба райъдиҳияш дар ин интихобот гуфт, ҳамчун як дипломат ҳуқуқи ошкор кардани ин сирро надорад.