Искандари Фирӯзро ба беморхонаи Ибни Сино мебаранд
Хабарнигори тоҷик, ки пас аз садамаи нақлиётӣ қариб як моҳи ахир дар беморхонаи мавсум ба Қарияи боло дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, имрӯз ба дармонгоҳи Ибни Сино интиқол меёбад.
Пайвандони Искандари Фирӯз аснои сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон, ки ба дидорбинии ҳамтои худ рафта буданд, изҳор доштанд, ки ӯ то ҳол дар ҳолати вазнин қарор дорад ва табобати баъдиро дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Ибни Сино идома хоҳад дод.
Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ, ҳамроҳи писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шуда буд. Писари журналист чанд рӯз пеш аз беморхона мураххас шуд. Вазъи Искандар ҳарчанд рӯ ба беҳбудӣ дорад, аммо ӯ то ҳол дар ҳолати беҳушист.